Покистон аз кушта шудани 23 ҷангҷӯ дар марзи Афғонистон хабар дод
Артиши Покистон рӯзи 20 ноябр эълон кард, ки нерӯҳои ин кишвар дастикам 23 ҷангҷӯро дар наздикии марзи Афғонистон куштаанд.
Дар баёнияи артиши Покистон омадааст, ки ин ҷангҷӯён дар ду амалиёт дар минтақаи Хуррам дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ, кушта шуданд.
Ин амалиёт пас аз он сурат мегирад, ки як ҳафта қабл дар як ҳамлаи интиҳорӣ ё маргталабона дар Исломобод 12 нафар кушта шуданд.
Артиши Покистон гуфтааст, ки ҷангҷӯёни кушташуда ба Толибони покистонӣ ё гурӯҳҳои ҳампаймони он вобаста буданд.
Дар баёния Ҳинд, рақиби деринаи Покистон, ба ҳимоят аз ҷангҷӯён муттаҳам шудааст.
Артиши Покистон барои исботи ин гуфтаҳояш санаде ироа накардааст.Ҳинд то ҳанӯз дар ин маврид ибрози назар накардааст.