Пайкари Иброҳим Раисиро дар Машҳад дафн карданд
![Пайкари Иброҳим Раисиро дар Машҳад дафн карданд](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-9e93-08dc79db78c5_cx0_cy10_cw0_w800_h450.jpg)
Пайкари Иброҳим Раисӣ, президенти Эронро, ки дар суқути чархбол ҳамроҳи вазири корҳои хориҷӣ ва чанд мақомдори дигари ин кишвар ҳалок шуд, рӯзи 23-юми май дар шаҳри Машҳад дафн карданд. Дар Эрон барои гиромидошти ёди онҳо мотами миллӣ эълон шудааст.