Пулиси Бишкек 3 касро бо гумони ҳамла ба хобгоҳи хориҷиҳо дастгир кард
Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон хабар додааст, ки се нафарро бо гумони ҳамла ба як хобгоҳ дар кӯчаи Огонбоева дастгир кард. Ба огаҳии пулис, гумонбарон 18 ва 19 сол дошта, ба "авбошӣ" муттаҳам мешаванд.