Ваъдаи кори тоҷикон дар Бритониё дурӯғ баромад?
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти раиси ширкати “Даври истиқлол” хабар дод, ки ба гуфтаи муфаттишон бо ваъдаи таъмини кор дар Бритониё аз даҳҳо нафар пул гирифта, масъулиятро иҷро накардааст. Иброҳим Аҳмадов ба “қаллобӣ” ва “муҳоҷирати ғайриқонунӣ” муттаҳам аст.