Исроил мегӯяд, ҷанг дар Ғазза тамоми сол идома хоҳад ёфт. ВИДЕО
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, мегӯяд, ҷанг дар Ғазза тӯлонӣ хоҳад буд ва эҳтимол як сол идома кунад. Пештар мақомоти исроилӣ гуфта буданд, ки барои маҳви гурӯҳи тундрави “Ҳамос” дар минтақаи муҳосирашуда чанд моҳ зарур аст.