Корвони ёриҳои башарӣ аз Миср вориди Ғазза мешавад. ВИДЕО
Дар наворҳои телевизиони Миср дида мешавад, ки дар рӯзи 15-уми ҷанги миёни Ҳамосу Исроил кӯмакҳо аз гузаргоҳи сарҳадии Мисру Ғазза ба дохили шаҳри ҷангзада ҳаракат мекунанд. Ғазза, ки аз ҷониби гурӯҳи ҷангии Ҳамос идора мешавад, 2,4 миллион аҳолӣ дорад.