Нетаняҳу гуфт, "то пирӯзӣ" меҷангад
Инҳо рӯзи 7 октябр ҳамроҳ бо даҳҳо нафари дигар дар ҷануби Исроил гаравгон гирифта шуда буданд ва аввалин нафароне мебошанд, ки озодии онҳоро аз дасти гаравгонгирҳо ҳарду тарафи низоъ расман тасдиқ карданд. Ҷангҷӯёни Ҳамос рӯзи 7 октябр ба хоки Исроил ҳамла карда 1400 нафар, асосан сокинони мулкиро куштанд ва тахминан 200 касро гаравгон гирифтанд.