Рафиқ Нишонов - роҳбари пешини Узбекистон вафот кард
Пеш аз расидан ба роҳбарӣ вай дар мақомҳои гуногуни ҳизби коммунистӣ кор карда буд. Ҳамчунин дар Шри-Ланка, ҷазираҳои Малдив ва Урдун сафири СССР буд.
Соҳи январи соли 1988 котиби аввали Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Узбекистон, амалан роҳбари Узбекистон шуд.
Нишонов баъдтар ба Москва рафт ва Шӯрои миллатҳо - яке аз ду табақаи Шӯрои олии СССР-ро роҳбарӣ кард. Шӯрои миллатҳо барои ҳифзи СССР таъсис шуда буд, аммо Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ рехт. Нишонов баъди он ба нафақа баромад ва дар Москва зиндагӣ мекард.