Қазоқистон тартиби додани иҷозати иқоматро тағйир медиҳад
Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон тасмим гирифтааст, ба қоидаҳои додани иҷозати зисти муваққат ё доимӣ барои хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар он кишвар тағйирот ворид кунад.
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо дар сомонаи "Open NLA" нашр шудааст. Тибқи тағйиру иловаи пешниҳодӣ, ҳангоми дархости иҷозати зист дар Қазоқистон бояд шиносномаи хориҷӣ пешниҳод карда шавад, зеро бар асоси банди 13-и қонун "Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият", Қазоқистон танҳо шиносномаи хориҷиро эътироф кардааст.
Ин лоиҳаи қонун 6 рӯз баъд аз фармони президенти Русия Владимир Путин дар бораи басиҷ, ки боиси афзоиши сафари русиягиҳо ба Қазоқистон шуд, пешниҳод мешавад. Лоиҳа то 10 октябр дар баррасии ом қарор дорад.
Ба иттилои "Pasportist", дар соли 2022 танҳо 30 дарсади шаҳрвандони Русия шиносномаи хориҷӣ доранд.