"Хатари хуфта". Тоҷикистон бо 2 миллион лампаи "кушанда" чӣ кор хоҳад кард? ВИДЕО
Ду миллион лампаи каммасрафи симобдор, ки мақомот замоне мардумро ба истифодаи он маҷбур карданду ҳоло мегӯянд, аз он даст кашед, дар анборҳои Тоҷикистон «хуфтаанд». Баъзе аз экологҳо симоби дохили лампаҳоро ба ҳаёти сокинон хатарзо медонанд.