СММ Тоҷикистонро барои рондани паноҳҷӯён ба Афғонистон танқид кард
Созмони Милал аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, аз мақомот хостааст, ба ин кор поён диҳанд. Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, давоми як ҳафтаи охир 9 шаҳрванди Афғонистон аз Тоҷикистон ронда шуданд.