Тамоку, нос, сигор, чилимкашӣ... Дар Тоҷикистон ним миллион тамокукаш сабт шудааст
Рӯзи 31-уми май бо як ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи бетамоку эълон шудааст.
Дар Тоҷикистон рӯзи 2 январи соли 2018 қонуне ба иҷро даромад, ки сигоркаширо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекунад, вале ин қонун дар амал пурра иҷро намешавад. Гузашта аз ин, солҳои охир чилимкашӣ ё “шиша” ҳам зиёд шудааст, ки, ба қавли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамчунин ба гурӯҳи тамоку дохил мешавад. Дар Тоҷикистон нуқтаҳои чилимкашӣ дар назди тарабхонаву муассисаҳои тафреҳӣ зиёд мешавад ва дар миёни муштариёни онҳо духтарону занон ҳам кам нестанд.
Бар асоси омори расмии соли 2018, дар Тоҷикистон беш аз ним миллион тамокукаш ҳисоб шудааст.
Табибон ҳушдор медиҳанд, ки тамокукашӣ ба саломатии инсон зиёни ҷиддӣ дорад ва боиси ба фишорбаландӣ, саратон ё сактаи дил гирифтор шудани инсон мешавад.