"Байрақтар", "Абобил-2"... Захираи дронҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳадафи чист?
Ба гузориши расонаҳо, ду ҳафта пеш Эрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишин кушод. Рӯзи 17-уми майи имсол дар маросими ифтитоҳи корхонаи тавлиди "Абобил-2" дар Душанбе генерал-майор Ҳусейн Боқирӣ, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, иштирок дошт.