Рӯшон баъди "амалиёт". "Оромии нисбӣ ҳаст, нигаронӣ ва гаронӣ ҳам"
Аз "амалиёт" дар ноҳияи Рӯшон, ки даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт, ду рӯз гузашт. Намояндагони мақомот тавассути телевизиони "Бадахшон" аз оромӣ дар ноҳия ва бозгашти мардум ба зиндагии одӣ хабар доданд. Ба сабаби набудани интернет ва тамос бо телефон, тасвири вазъи воқеӣ номумкин аст.