Ҳамлаваронро дар Душанбе накофтанд ё наёфтанд?
Бо гузашти чаҳор рӯз ва бо вуҷуди муроҷиатҳои Радиои Озодӣ ба ВКД Тоҷикистон ҳанӯз омилони ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ошкор ва боздошт нашудаанд. Аз таҷҳизоти рабудашудаи ин ҳамкорон низ то ҳанӯз хабаре нест.