"Аз дарди дил даргузашт." Меҳмон Бахтиро дар оромгоҳи "Лучоб" дафн карданд. ВИДЕО
Меҳмон Бахтӣ, шоиру драмнавис ва раиси собиқи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистонро, ки давраи кораш ситоишу танқидҳоеро дар пай дошт, дар оромгоҳи “Лучоб” дафн карданд. Ӯ рӯзи 19-уми май бар асари бемории дил даргузашт. 81 сол дошт.