Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА иштирок мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА (Созмони футболи Аврупо) ширкат меварзад.