Нахустин намози ид бе ниқоб ва омехта бо баҳси фитри рӯза
Намози Ид дар Тоҷикистон имсол бе риояи фосилаи ҷисмонӣ ва бастани ниқоб баргузор гашт. Ин қоидаҳо акнун ба меросу хотираҳои давраи ҳамагирии СОVID-19 табдил меёбанд, вале масъалае, ки мисли солҳои гузашта сари забонҳост, идгардаки кӯдакон аст, ки расман манъ нашудааст, вале тавсия дода намешавад.