Аниса Собирӣ: "Русия худро дар ҳолати наздик ба худкушӣ гузоштааст." ВИДЕО
Русия 24 феврали имсол ба хоки Украина ҳуҷум кард. Маскав онро "амалиёти вижаи ҳарбӣ" медонад, аммо хабарҳо баёнгари як буҳрони амиқи башарӣ ҳастанд. Даҳҳо бинои истиқоматӣ, бемористону театр бомбаборон шуда, беш аз се миллион нафар хонаҳои худро тарк карданд. Дигарон дар таҳхонаҳо ба сар мебаранд.