Нерӯҳои Русия вориди Харков шудаанд. Киев мегӯяд, ба муқобила омода аст
Нерӯҳои Русия ба Харков, дувумин шаҳри бузурги Украина, даромадаанд. Сокинони пойтахти Украина субҳи 27-уми феврал аз як таркиши бузург ва чанд инфиҷори дигар хабар доданд. Дар ҳоле ки Ғарб Маскавро барои таҷовуз ба хоки ҳамсояаш ҷазои сахттар медиҳад, ҷанги Русия бо Украина шиддат гирифтааст.