Ҳаҷвнигори тоҷик гуфт, бо ташвиқи набераи президент Ҳоҷӣ шуд
Дӯстмурод Шарифов, як ҳаҷвнигори маҳаллӣ дар Тоҷикистон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ӯро бо номи “Дон-Жуани тоҷик” мешиносанд, гуфт, бо ташвиқи Исмоили Маҳамдзоир, набераи президент ба зиёрати хонаи Худо рафтааст.
Ӯ эълон кард, ки аз ин пас ӯро Ҳоҷӣ Дӯстмурод ном баранд ва ӯ касби ҳаҷвнигориро тарк мекунад.
Дар наворе, ки рӯзи 21-уми феврал дар Ютуб нашр шудааст, Дӯстмурод Шарифов мегӯяд, ӯро Исмоили Маҳамдзоир, набераи Эмомалӣ Раҳмон ташвиқ кард, ки ба зиёрати Каъба равад. Ба гуфтаи ӯ, азбаски орзуи Ҳаҷро дошт, пешниҳодро “бо ҷону дил қабул кард.”
Исмоил Маҳмадзоир, писар Маҳмадзоҳир Шарипов, домоди президент ва соҳиби бозори "Ҳоҷӣ Шариф" дар Бохтар ва тиҷоратҳои дигар дар саросари кишвар ҳаст. Бародари дигари ӯ Шамсулло Соҳибов низ домоди президент аст. Ин хонавода барои монополияи тиҷорат ва истифода аз хешутабори бо президннт танқид мешаванд.
Дӯстмурод Шарифов дар миёни ҷавонон бо ҳаҷвҳои худ маъруф аст ва саҳнаҳои ҳаҷвии ӯ ва дӯстонаш бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешуд.