Даргузашти яке аз захмиёни таркиш дар Қубодиён. ВИДЕО
Яке аз захмиёни таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён дар бемористон даргузаштааст. Манобеъ дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён рӯзи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Холиёр Нурматов 14 сол дошт.