Модари блогери тоҷик дар куҷост? Мақомот шарҳ намедиҳанд, пайвандон нигаронанд
Пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷонов, блогери тоҷики муқими Олмон, иддао доранд, ки кормандони пулиси шаҳри Ваҳдат як рӯз пеш ӯро даъват карда, дигар раҳо накардаанд. Мақомоти интизомӣ аз шарҳи масъала худдорӣ мекунанд.