Дар Туркманистон таблиғи президентро бештар мекунанд
Бино ба иттилои расонаҳо, мақомоти маҳаллӣ рӯзи 17-уми январ дар Донишкадаи омӯзгории Лебап, Хонаи фарҳанги ноҳияи Фороб ва рӯзи 18-уми январ дар шаҳри Сейдӣ, ноҳияҳои Дарғанат ва Деҳнав бо сокинон мулоқот анҷом дода, талаби овехтани аксҳои Бердимуҳаммадовро кардаанд.
Дар ин мулоқотҳо бештар кормандони муассисаҳои буҷавӣ даъват мешаванд.