Порлумони Фаронса ҳукумати Чинро ба "наслкушӣ" муттаҳам кард
Дар раъйгирии рӯзи 20-уми январ дар Маҷлиси Милли Фаронса 169 нафар ба тарафдорӣ ва як нафар мухолифи қатънома раъй додаанд, ки дар он аз ҳукумат хоста шудааст, "нисбат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи ҷомеаи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷиаш чора биандешад". Аммо санади мазкур ҳукми иҷро надорад.
Чин барои азияту озори ӯйғӯрҳои мусулмон ва ба урдугоҳҳои бозтарбия андохтану маҷбуран кор фармудани онҳо мавриди танқиди ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст.