Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон. Танҳо аз натиҷаҳо мегӯянд ё тағйироти кадрӣ хоҳад шуд?
Дар Душанбе ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон идома дорад ва, ба гуфтаи манобеи расмӣ, дар он “бурду бохти кишвар дар соли гузашта” баррасӣ мешавад. Мақомот ба ҷуз аз як хабар дар бораи оғози ҷаласа ҷузъиёте намедиҳанд.