Додгоҳ дар Суғд гуфт, ки ду зани соҳибкор ҳақ будаанд
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амр додааст, хадамоти гумрук чанд тонна бори ду зани соҳибкор аз Исфараро баргардонад. Маъмурони гумрук се моҳ пеш 4 тонна биринҷи соҳибкоронро гирифтанд, чун гуё ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон овардаанд. Фарзон Муҳаммадӣ ҷузъиётро аз додгоҳи Бобоҷон Ғафуров пурсид.