Додгоҳ дар Суғд гуфт, ду зани соҳибкор ҳақ будаанд. ВИДЕО
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амр додааст, Идораи гумруки Суғд чанд тонна бори ду зани соҳибкорро баргардонад. Маъмурони гумрук се моҳ пеш 4 тонна биринҷи соҳибкоронро гирифтанд, чун бовар доштанд, ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон оварда шудааст.