Ҳомиёни муҳити зист мақомоти қазоқро дар нобудсозии кӯлҳо айбдор мекунанд
Ҳомиёни муҳити зист ва сокинони шаҳри Нурсултони Қазоқистон мақомоти шаҳрро дар талоши аз байн бурдани гуруи кӯлҳои "Малий Талдикол" айбдор мекунанд.
Малий Талдикол гуруҳи кӯлҳои хурде мебошад, ки дар ҳудуди пойтахти Қазоқистон ҷойгир аст. Аз онҳо паранда ва ҳайвонҳои нодиру шомили Китоби сурх об менушанд. Мақомоти шаҳрдории Нурсултон тасмим гирифтаанд, ки дар ҷои кӯлҳо маҷмааи сайёҳӣ созанд.
"Баъди авҷ гирифтани корҳои сохтмонӣ сабзаҳои гирду атроф хушк мешаванд ва парандаҳо низ онҷоро тарк мекунанд. Ман ҳамчун шаҳрванди оддӣ бар инам, ки ҳар як қитъаи табиат, агар дар маркази шаҳр ҳам бошад, бояд ҳифз шавад", - мегӯяд сокини Нурсултон Ирина Антонова.
Экологҳо бар ин назаранд, ки сохтмони маҷмааи сайёҳӣ дар ҷои кӯлҳо хилофи уҳдадориҳои байналмилалии Қазоқистон аст. Вале мақомоти қазоқ бо вуҷуди эътирозҳо ба кори худ идома медиҳанд.
"Шаҳрдорӣ дар вокуниш ба эътирози сокинон барои ҳалли мушкили Малий Талдикол гуруҳи корӣ таъсис дод. Аъзои ин гуруҳ як ё ду бор ҷамъ шуданд. Вале дигар аз онҳо дараке нест. Ба дархостҳои мо эътибор ва посух намедиҳанд", - гуфт ҳомии табиат Айдана Сабденова.