Даҳҳо ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон "муҳтоҷи кумаки башарӣ шудаанд"
Пандемияи коронавирус дар соли 2020 ба ҷомеаи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ гузошта, 24 нафари онҳо дархости ёрии башарӣ ва ғизо кардаанд. Дар ин бора дар гузориши нави ILGA-Europe, ки 600 созмонро аз кишварҳои Аврупову Осиёи Марказӣ муттаҳид мекунад, зикр шудааст.