Раиси Хатлон хост, хонаи волидони панҷгоникро "бозсозӣ кунанд", корбарон аз Э.Раҳмон манзили нав талаб доранд
Дар ҳоле ки раиси Хатлон дастур додааст, манзили волидони панҷгоникро дар ноҳияи Қубодиён таъмиру бозсозӣ кунанд, баъзе аз шаҳрнависон дар сомонаи Озодӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ба ин оила манзили нав диҳад.