Шоираи тоҷик мехоҳад, Фаридуни Хуршед аз ӯ узр пурсад
Шоираи тоҷик, Робияи Холмирзо, талаб дорад, ки овозхони ҷавон, Фаридуни Хуршед, аз ӯ расман узрхоҳӣ кунад. Робияи Холмирзо мегӯяд, овозхон аз шеъри ӯ бидуни иҷоза дар клипи худ истифода бурдааст.