Се сарнавишти аҳди СОVID-19 дар Тоҷикистон
Бемории СОVID-19 дар Тоҷикистон сарнавишти ҳазорон нафарро тағйир дод. Азизони якеро гирифт, модарро аз фарзанд ҷудо кард, яке бе даромад гузошту дигариро номдор сохт. Радиои Озодӣ бо се нафаре суҳбат кард, ки коронавируси нав зиндагиашонро комилан дигар сохтааст.