Дору хӯса дар маркази Иркутск: “Бизнес набошад, андоз ва буҷа ҳам нест”
Эътирозгарон гуфтанд, ки дар шароити кунунӣ бисёр ширкатҳои хурду миёна дар ин минтақаи Сибир хисороти зиёд мебинанд, бархе пурра баста шудаанд. Мушкилоти соҳаи тиҷорату соҳибкориро онҳо ба маҳдудиятҳои давраи пандемияи коронавирус рабт медиҳанд.
Дар Русия то 21 декабр шумори афроди олудашуда ба коронавирус ба 2,9 миллион нафар наздик шуд. Аз ҷумла, беш аз 51 ҳазор нафар кушта шуданд.