Муаллифи “Ну, погоди!” дар синни 82-солагӣ даргузашт
Корҳои Курляндскийро тамошобинон на танҳо ба шакли мултфилм, балки ба шакли ҳаҷвияҳо барои кӯдакону наврасон дар барномаҳои телевизионии “Ералаш” ҳам тамошо кардаанд. Вале маъруфтарин корҳояш – саргузаштҳои гургу харгӯш дар филмҳои тасвирии “Ну, погоди!” мебошад. Ин филм фаротар аз қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Аврупои Шарқӣ ҳам маҳбубият дошт. Аввалин қиссаи ин мултфилм соли 1969 нашр шуд ва охиринаш баъди 50 сол – дар соли 2006.
Яке дигар аз қиссаҳои маъруф ба қалами Курляндский – тӯтии эркаву ҳунарманд “Кеша” аст, ки то ҷое бо тақлид ба филмҳои ғарбӣ сохта шудааст.