Таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар бораи робитаи президенти муваққатии Қирғизистон бо Матраимов
Рӯзноманигори мустақил Алӣ Токтакунов ва асосгузори сомонаи Factcheck.kg Болот Темиров таҳқиқотеро дар бораи робитаи иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Талант Мамитов ва муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Райимбек Матраимов нашр карданд.
Рӯзноманигорон суол гузоштаанд, ки чаро иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон роҷеъ ба қазияи пурсарусадои Матраимов хомуш аст. Онҳо гуфтаанд, Мамитов соли 2019 раиси комиссияи порлумоние буд, ки масъалаи ғайриқонунӣ берун бурдани 700 миллион долларро аз Қирғизистон таҳқиқ кард.
"Натиҷаи таҳқиқи комиссияи порлумонӣ Матраимовро пурра сафед ва рӯзноманигор Токтакуновро ба гирифтани ришва айбдор кард. Чӣ сабаби бетаваҷҷуҳӣ ба қазияи Матраимов шудааст? Дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки бародари ҳамсари Матраимов - Тинчтик Сулаймонов машваратчии Мамитов дар он давра буд. Машваратчии пешини ӯ -- Азамат Эсенжан уулу, яке аз хешовандони Матраимов дар Хадамоти гумруки Қирғизистон кор мекунад", - навиштаанд рӯзноманигорон.
Сухангӯи президент Галина Байтерек ба таҳқиқоти рӯзноманигорон дар бораи робитаи Мамитов бо Матраимов посух дод.
"Сулаймонов, ки дар бораи ӯ сухан меравад, то моҳи майи соли 2019 машваратчии Мамитов буд. Баъди он ки робитаи ӯ бо Матраимов маълум шуд, ӯро аз мақом барканор карданд. Сулаймон дар давраи раиси комиссияи порлумонӣ будани Мамитов машваратчии ӯ набуд ва ба рафти корҳои раиси комиссия низ таъсире расонида наметавонист", - изҳор дошт сухангӯи президенти Қирғизистон.
Дар Қирғизистон зидди Матраимов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ ва наздики 40 мансабдори Хадамоти гумруки ин кишварро ба ташкили нақшаи коррупсионии даромади пинҳонӣ аз мақомоти гумрук айбдор мекунанд, ки ба буҷаи давлат дар ҳаҷми махсусан калон зарар расондааст. Матраимов ҳангоми бозпурсӣ ваъда кардааст, ки зарари расонидаро дар ҳаҷми наздики 24 миллион доллар барқарор хоҳад кард.
Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop низ зикр шудааст.
Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.