Ҷо Байден гуфт, "оянда бисёр ғамафзо хоҳад буд, агар..."
Раиси ҷумҳури мунтахаби Иёлоти Муттаҳида гуфт, гузориш дар бораи вазъияти бекорӣ дар Амрико нишон медиҳад, ки беҳбуди иқтисод "дар як ҷой истодааст". Ҷо Байден аз Конгрес хост, тарҳи ёрӣ барои ҷуброни зиёнҳои расида аз бемории коронавирусро қабул кунад.
Вай афзуд, агар Конгрес натавонад зуд даст ба кор шавад, "оянда бисёр ғамафзо хоҳад буд". Гузориши ахири ҳукумати Амрико, ки рӯзи 4-уми декабр нашр шуд, вазъияти бозори кори ин кишварро дар моҳи ноябр нишон медиҳад.
Ҷо Байден ҳамчунон ба хабарнигорон гуфт, аз як бастаи ҳудуди 908-миллиарддолларӣ, ки дар Конгресс мавриди баҳс аст, пуштибонӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, тасвиби ин бастаи кумак тавассути Конгрес метавонад барои одамони бекор, мактабҳо ва хадамоти тандурустӣ кумаки молӣ кунад.
Ин лоиҳа баъд аз тасвиби бастаи аввали кумакҳо дар моҳи марти имсол, дувумин лоиҳаи густардаи ёрӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хоҳад буд.