“Баҳовуддин дар артиш аз гап задан монд”. Наздиконаш мегӯянд, дар гулӯяш оби ҷӯш рехтаанд. Мақомот рад мекунад
Волидайни як сарбоз дар Тоҷикистон мегӯянд, пас аз ним моҳи даъват ба артиш фарзандашон “аз гап задан мондааст” ва дар ҳолати вазнин ӯро дар Беморхонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ кардаанд.