Пентагон дар бораи коҳиши нирӯҳо дар Афғонистон хабар дод
ИМА то 15-уми январ, чанд рӯз пеш аз сари кор омадани президенти мунтахаб Ҷо Байден, шумори нирӯҳояш дар Афғонистонро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш хоҳад дод. Иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои ИМА Кристофер Миллер эълон кард, ки шумори нирӯҳои амрикоӣ аз 4500 ба 2500 нафар коҳиш меёбад ва инчунин аз Ироқ 500 низомӣ бармегардад ва он ҷо низ 2500 низомӣ боқӣ хоҳад монд. Миллер гуфт, ки қарор бар асоси нақшаи қаблӣ гирифта шуда ба маънои тағйир дар сиёсат ё ҳадафҳои ИМА нест. Ӯ гуфт, ки тасмими мазкур идомаи сиёсати Трамп ба хотири хатми ҷанг дар Афғонистону Ироқ ва “бозгардони сарбозони ҷасур ба хона аст”. Тими Байден ҳанӯз дар ин замина ҳеҷ вокунише накардааст, вале президенти мунтахаб ишора кард, ки тими ӯ хулосаҳои ҷаласаҳои марбут ба амнияти миллиро дарёфт намекунад, ҳарчанд бар асоси қонун дар марҳилаи гузариш тими президенти мунтахаб ҳам бояд дар ҷаласаҳо иштирок кунад. Рӯзи 17-уми ноябр дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз берункашии нирӯҳо дар марҳилаи кунунӣ ва дар шароити сареъ ҳушдор дода буд.
Миллер гуфт, ки ИМА дар канори президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ мемонад, чун ҳукумати ӯ бо Толибон дар амри дастёбӣ ба созиш гуфтугӯҳоро идома медиҳад.