Ҷавод Зариф гуфт, Байден бо "се фармон" мушкилот бо барномаи ҳастаии Эронро ҳал карда метавонад
Вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф гуфт, дар сурате, ки ИМА дар зери раҳбарии президенти мунтахаб Ҷо Байден таҳримҳои сангини болои Ҷумҳурии Исломиро ҳазф кунад, Теҳрон омода аст ба иҷрои шартҳои созиши соли 2015 бо қудратҳои ҳастаӣ баргардад. Зариф рӯзи 17-уми ноябр ба як нашрияи давлатии Эрон мусоҳиба дод ва гуфт, ки Теҳрон ба созиш пойбанд аст. Ӯ гуфт:
“Оқои Байден агар раисиҷумҳури Амрико шуд ва нишаст дар Кохи Сафед, бо се фармон метавонад ин ҳамаро лағв кунад. Агар накард, яъне нахост”.
Моҳҳои охир Эрон тадриҷан ӯҳдадориҳои худро бар асоси созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ коҳиш дод ва ин вокуниши Теҳрон ба он буд, ки соли 2018 президент Доналд Трамп гуфт, кишвараш аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун мешавад. Илова ба ин, Трамп таҳримҳои дар давраи президентии Барак Обама сабукшудаи иқтисодӣ дар нисбати Эронро дубора ба шакли сангинтар барқарор кард. Байден, ки соли 2015 муовини президенти ИМА буд, дар маъракаи пешазинтихоботиаш гуфт, агар Эрон ба иҷрои тааҳҳудоташ баргардад, омода аст созиш бо Эронро баррасӣ кунад.