Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik





160*600

Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Актуальные новости сегодня от ValueImpression.com


Опубликовать свою новость бесплатно - сейчас


<
>

Муаллифи луғатномаи чорзабона: "Кушиш кардам шуғнонӣ аз байн наравад". ВИДЕО

Муаллифи луғатномаи чорзабона:

Як донишманди ҷавони тоҷик дар тӯли 13 сол луғатномаи шуғнонӣ-тоҷикӣ-русӣ-англисиро таҳия карда, аз ҳисоби маблағи худ онро нашр кардааст. Шервоншо Аламшоев, муаллифи ин луғатнома мегӯяд, ки ҳоло дар Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон ҳудуди 150 ҳазор нафар ба ин забон ҳарф мезананд ва дар луғат ҳудуди сӣ ҳазор калима гирдоварӣ ва тарҷума шудааст.

Ин донишманди тоҷик дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, дар оғоз ба ин суол, ки чӣ омиле сабаб шуд ба таҳияи чунин як луғатнома иқдом кунад, гуфт:

Шервоншо Аламшоев: Ҳанӯз зимни таҳсил дар курси аввали Донишгоҳи Хоруғ ба таҳияи ин луғат оғоз карда будам. Тоҷикон луғатҳои гуногун доранд, вале, ҳарчанд забонҳои мухталиф дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, то ҳол луғати забони адабии тоҷикӣ ва шуғнонӣ ё тоҷикиву ишкошимӣ вуҷуд надошт. Ин иқдоми шахсии ман буд.

Радиои Озодӣ: Чопи се ҷилди ин луғат аз сӯи созмоне ё Акадмияи илмҳо сурат гирифт ва тиражи он чанд адад аст?

Шервоншо Аламшоев: Мутаассифона, ҳеҷ ниҳоде харҷи чопи ин луғатро ба дӯш нагирифт ва ман аз ҳисоби маблағи худам онро нашр кардам. Бар ивази сӣ ҳазор сомонӣ тавонистам танҳо 500 адад ин луғатро нашр кунам. 13 сол барои таҳияи он ройгон кор кардаам.

Радиои Озодӣ: Аз рӯйи номи ин луғат шумо донандаи забонҳои шуғнониву тоҷикӣ ва русиву англисӣ ҳастед?

Шервоншо Аламшоев: Бале, бар иловаи ин забонҳо ҳамчунин олмониро низ медонам. Зеро, дар донишгоҳ забонҳои англисиву олмониро азхуд кардаам. Сипас, чанд сол дар шаҳри Санкт-Петербург машғули таҳқиқот будам ва ба ин далел, бо чанде аз паҳлӯҳои илми забоншиносӣ ошно ҳастам. Дар ниҳоят ба натиҷае расидам, ки бояд як луғате таҳия кунам, то ин забон гум нашавад.

Радиои Озодӣ: Дар Бадахшон мардум ба чанд забон ҳарф мезананд, ки ҳамагӣ шомили як гурӯҳи забонӣ мебошанд. Шумо барои чӣ барои таҳияи луғат маҳз забони шуғнониро интихоб кардед?

Шервоншо Аламшоев: Агар ба забонҳои помирӣ назар андозем, дида мешавад, ки забони шуғнонӣ дар миёни сокинон бештар паҳн шудааст. Бо ин забон дар Хоруғу Роштқалъа, дар Шуғнон ва дигар минтақаҳо муошират мекунанд. Ин забони модарии худам аст. Ҳамзамон, бар ин андеша ҳастам, ки забонҳои дигари Бадахшон низ бояд чунин луғатнома дошта бошанд. Масалан, забони ишкошимӣ, ки бо он дар Афғонистон чиҳил қишлоқ ҳарф мезаданд, аммо тибқи иттилои ахири Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳоло дар як қишлоқи он ҷо танҳо ду ё се нафар ба забони ишкошимӣ ҳарф мезананд. Ба забони ишкошимӣ бисёр иттиллооти таърихӣ вуҷуд дорад. Мисол, калимае, ки мо ҳоло онро муқоиса мекунем – "урмузд" – Аҳуромаздо ба ҳамин забон гап мезад. Ин забон яке аз диалектҳои забони эронӣ буд, ки қисман бо он дар Балх ҳарф мезаданд ва ҳоло танҳо дар Бадахшон мондааст. Ин нукта моро водор мекунад, ки ҳамаи забонҳои помириро омӯзем, на фақат забони шуғнониро.

Радиои Озодӣ: Ба иттилои шумо, дар Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон чӣ теъдоде аз сокинон ба забони шуғнонӣ гуфтугӯ мекунанд?

Шервоншо Аламшоев: Ба ин савол посухи дақиқ дода наметавонам. Тақрибан, дар ду кишвар ҳудуди 150 ҳазор нафар сӯҳбат мекунанд.

Радиои Озодӣ: Шумо ба унвони забоншинос аҳамияти ин луғат барои рушди инсонии донандагони забони шуғнониро дар чӣ мебинед?

Шервоншо Аламшоев: Инсон забонро ба танҳоӣ наметавонад биофарад. Забон дар тӯли асрҳо ба вуҷуд омада, ба тадриҷ тағйир меёбад. Забон як фарҳанги муштараки инсоният аст. Аҳамияти он дар чӣ аст? Аҳамияти аз ҳама бузарги ин луғат нигаҳдорӣ аз маҳвшавии ин забон аст. Дувум, забон хат пайдо мекунад. Муҳаққиқон дар бораи забонҳои ҳиндуаврупоӣ пажӯҳишҳои зиёде анҷом додаанд. Аммо, ман ба унвони донандаи забонҳои англисӣ ва олмонӣ метавонам бигӯям, ки ин таҳқиқот камбудиҳои зиёд низ доранд. Бахусус, дар таҳқиқи забонҳои Эрони шарқӣ норасоиҳо зиёд мушоҳида мешаванд. Масалан, дар илми забоншиносӣ дар забони русӣ ивазшавии лиэналӣ мегӯянд. Яъне, агар дар форсии миёна "ҳишаб" вуҷуд дошт ва дар забонҳои эронии шарқӣ “шаб” шудааст ва дар забонҳои помирӣ “шаҳб” шудааст ва дар забонҳои дигари помирӣ ба шаклҳои гуногун талаффуз шуда, қисмати фонемавӣ ва фонологии он дигар шудааст. Яъне, аз нуқтаи назари фонетика мо метавонем, паҳншавии забонҳои ҳиндуаврупоиро мушоҳида кунем. Масалан, дар калимаи “женик”- генетикаро дар забони шуғнонӣ бо ҳарфи “ғ” талаффуз мекунанд. Дар забони худи юнонӣ ҳам “ғ” омадааст. Пас, саволе пайдо мешавад, ки оё гузаштагони мо ин калимаро бо ҳарфи “ғ” талаффуз мекараданд ё “г”? Аз нуқтаи назари паҳншавӣ ва дигаргуншавии забонҳо калимаи тоҷикии “кирм” дар забони шуғнонӣ “чирм”, дар забони англисӣ “ворм”, дар забони русӣ “черв” ва ин нуқта барои илми забоншиносӣ хеле муҳим аст. Яъне, бояд на танҳо луғати шуғнонӣ-тоҷикӣ-русӣ-англисӣ, балкӣ дигар забонҳо низ, ба мисли ишкошимӣ-тоҷикӣ-русӣ-англисӣ низ таҳия шаванд. Агар мо ин корро анҷом надиҳем, ба оҳистагӣ ин забонҳо аз байн мераванд ва мо ҷузъе аз фарҳанги худро аз даст хоҳем дод.

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки забонҳои бадахшонӣ хат надоранд. Оё имкон дорад, ки дар оянда ин забонҳо хате пайдо кунанд ба ҷуз аз хати кирилик, ки ҳоло аз он истифода мешавад?

Шервоншо Аламшоев: Олимони хитоӣ менависанд, ки дар асрҳои гузашта миллатҳои мухталифи ин минтақа хатти худро доштанд ва он аз 26 ҳарф иборат буд. Вале дертар ин хат гум шуд. Ҳоло аз сӯи донишмандон талошҳое барои эҳё кардани чунин як хате мушоҳида мешавад. Феълан мо хати кириллӣ дорем, ки ба он баъзе аз ҳарфҳое ба мисли “ғ”, “қ”, “тз” ва “тс” ворид шудаанд. Забони форсӣ ё эронӣ боз ҳудуди чиҳил забонеро доро аст, ки бархе аз онҳо ба мислӣ “татӣ”, “осетинӣ” ё “ванҷӣ” дар ҳоли аз байн рафтан қарор доранд. Дар хати кириллӣ мо ҳоло бархе мушкилотеро дорем, ки дар алифбо ҳарфҳои талаффузшаванда дар Бадахшон шомил нестанд. Ба унвони мисол, барои садои “ғж” ҳарфе пешбинӣ нашудааст. Ҳоло бадахшониҳо барои ифодаи ин садо рақамҳоеро низ истифода мекунанд. Яъне, ҳоло мо талош дорем аз имконони алифбои кириллӣ ва рақамҳо ин мушкилро бароварда созем. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ талошҳоеро ба харҷ медиҳад, ки ин забонҳо нигаҳ дошта шаванд.

Радиои Озодӣ: Ба эътиқоди соҳибназарон, аз ҳама бештар ба забони яғнобӣ хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад. Шинохти забони яғнобӣ низ бар дӯши шӯъбаи лаҳҷашиносии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт аст, ки шумо дар он ҷо кор мекунед. Оё луғати яғнобӣ-тоҷикӣ низ таҳия мешавад ё не?

Шервоншо Аламшоев: Забони яғнобӣ боқимондаи забони суғдӣ аст. Ҳарчанд, бархе аз қисматҳои фонологӣ ва фонетикии он ва инчунин баъзе аз қисматҳои семантикии он дигаргун шудаанд, аммо луғатҳои ин ду забон вуҷуд доранд. Мутаассифона, мо дар ин замина бо камбуди мутахассисон рӯбарӯ ҳастем. Баъзан, мо ба соҳибзабонон ниёз дорем, зеро як ё чанд нафар наметавонанд тамоми нозукиҳои забоҳои мухталифи Тоҷикистонро дониста бошанд. Танҳо барои таҳияи луғати шуғнонӣ-тоҷикӣ-русӣ-англисӣ ман 13 соли ҳаётамро сарф кардаам. Барои таҳияи чунин луғатҳо ба забонҳои дигар мутахассисоне даркор аст, ки аз илми забоншиносӣ огаҳӣ дошта бошанд.

Радиои Озодӣ: Таркиби луғате, ки шумо таҳия кардаед, аз чанд калима иборат аст ва дар идомаи ин иқдом шумо иҷрои чӣ корҳоеро дар назар доред?

Шервоншо Аламшоев: Ин луғат аз 30 ҳазор калима иборат аст, аз ин рақам 4450 ибораҳо, 247 забудмасалу мақолҳо истифода шудааст.

Радиои Озодӣ: Дар миёни сокинони Тоҷикистон зодагони Бадахшон бо донистани чанд забон шӯҳрат доранд. Ба назари шумо, сирри муваффақияти сокинони Бадахшон дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар чист?

Шервоншоҳ Аламшоев: Тафаккури инсон ба мисли компютери абарқудрат аст. Дар мактабҳо бачаҳои бадахшӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ оғоз мекунанд. Яъне, аз кӯдакӣ мо ба муқоисаи забонҳо шурӯъ мекунем ва дар муқоиса мо забонҳоро хубтар азхуд мекунем. Ба ин тартиб, худи помириҳо аз ҳафтсолагӣ ба омӯзиши забонҳо шурӯъ мекунанд. Сипас, забони русиву забони англисӣ меомӯзанд. Аз тарафи дигар, бештаре аз садоҳои забонҳои хориҷӣ дар забонҳои помирӣ вуҷуд доранд. Севум, худи шавқи бадахшониҳо ба омӯзиши забонҳо аст, ҳарчанд, гуфта наметавонам, ки танҳо помириҳо ба забономӯзӣ шавқ доранд.

Радиои Озодӣ: Ташаккур барои сӯҳбат.

Маълумотнома:

Шервоншо Аламшоев 29 декабри соли 1986 дар деҳаи Медемшаҳри ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон таваллуд шудааст. Аз соли 2005 то соли 2010 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ таҳсили илм карда, сипас тӯли се сол дар Пажӯҳишгоҳи забоншиносии шаҳри Санкт-Петербурги Русия машғули таҳқиқоти илмӣ буд. Аз соли 2018 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи миллии илмии Тоҷикистон кор мекунад ва соли 2018 дар мавзӯи “Фразеологияи забони шуғнонӣ” рисолаи илмии номзадиро дифоъ кардааст. Якҷо бо падараш, доктори илмҳои филологӣ Муқбиршо Аламшоев муаллифи китоби “Грамматикаи забони шуғнонӣ” мебошад.

Читайте на 123ru.net

Другие проекты от 123ru.net



Архангельск

Спортсмены Архангельска, Новодвинска и Северодвинска приняли участие в празднике «Здоровье для северян»



Жизнь

Эксперт "Рексофт" о технологических помощниках в логистике, ритейле и маркетплейсах






Другие популярные новости дня сегодня


123ru.net — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 123ru.net.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.



Новости 24/7 Все города России




Загрузка...


Топ 10 новостей последнего часа






Персональные новости

123ru.net — ежедневник главных новостей Вашего города и Вашего региона. 123ru.net - новости в деталях, свежий, незамыленный образ событий дня, аналитика минувших событий, прогнозы на будущее и непредвзятый взгляд на настоящее, как всегда, оперативно, честно, без купюр и цензуры каждый час, семь дней в неделю, 24 часа в сутки. Ещё больше местных городских новостей Вашего города — на порталах News-Life.pro и News24.pro. Полная лента региональных новостей на этот час — здесь. Самые свежие и популярные публикации событий в России и в мире сегодня - в ТОП-100 и на сайте Russia24.pro. С 2017 года проект 123ru.net стал мультиязычным и расширил свою аудиторию в мировом пространстве. Теперь нас читает не только русскоязычная аудитория и жители бывшего СССР, но и весь современный мир. 123ru.net - мир новостей без границ и цензуры в режиме реального времени. Каждую минуту - 123 самые горячие новости из городов и регионов. С нами Вы никогда не пропустите главное. А самым главным во все века остаётся "время" - наше и Ваше (у каждого - оно своё). Время - бесценно! Берегите и цените время. Здесь и сейчас — знакомства на 123ru.net. . Разместить свою новость локально в любом городе (и даже, на любом языке мира) можно ежесекундно (совершенно бесплатно) с мгновенной публикацией (без цензуры и модерации) самостоятельно - здесь.



Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Синоптик Позднякова: москвичей 7 мая ждет аномально холодная погода





Путин в России и мире
Москва

Валентин Коновалов Хакасии примет участие в церемонии инаугурации Владимира Путина


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Польский судья приехал в Минск и попросил защиты у Лукашенко




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Булат Окуджава

Музыкальный спектакль и ужин от шеф-повара: в Зеленоградске отметят 100-летие Булата Окуджавы



Москва

Звезда «Кухни» Ольга Кузьмина крестила дочь, которой дала двойное имя

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net