Муҳиддин Кабирӣ карикатураҳо ва ҳамлаҳо дар Фаронсаро маҳкум кард
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи созмонҳои мухолиф, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, рӯзи 29-уми октябр дар як паёми видеоӣ куштори омӯзгори фаронсавиро барои нишон додани карикатураҳои масхараомези зидди паёмбари ислом ҳангоми дарс дар мактаб, ҳамлаи рӯзи панҷшанбе ба калисои Нотр-Дами шаҳри Ниси Фаронса ва қатли се нафари дигарро дар ин ҷо маҳкум кард ва таҳқиру тавҳини арзишҳои диниро як амали ғайри қобили қабули номид. Вай густариши ҳамлаҳои лафзӣ ва хушунатҳои ахирро нишонаи ба ду даста тақсим шудани ҷаҳон дар робита ба карикатураҳо донист ва гуфт, “вақти он расидааст, ки марзҳои озодии баён ва таҳқири арзишҳои муқаддаси инсонҳо муайян карда шаванд.”
Кабирӣ афзуд, ки ӯ ва пайравонаш дар ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ҳанӯз дар соли 2014 мунташир шудани карикатураҳои паёмбари исломро маҳкум карда буд. Вай гуфт, таҳқири муқаддасоти мазҳабӣ набояд озодии баён дониста шавад.
Рӯзи ҷумъаи 16-уми октябр Самюэл Патӣ, устоди 47-солаи таърих ва ҷуғрофия дар Фаронса, баъд аз намоиш додани карикатура ё тасвирҳои танзомези пайёмбар Муҳаммад ба шогирдонаш, дар канори шаҳри Порис кушта шуд. Мақомоти Фаронса рӯзи 17-уми октябр гуфтанд, ки ҳамлавар ҷавони 18-солаи чечен аз шаҳри Маскав аст ва ҳангоми амалиёти боздошт ба ҳалокат расидааст.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон омӯзгор Патиро "қаҳрамони сокит" ва куштори ӯро "ҳамлаи террористии исломӣ" номид. Вай сокинони кишварашро ба ҳифзи арзишҳои дунявӣ ва ҳимояти Фаронса аз "исломи ифротӣ" даъват кард. Ин изҳорот дар як қатор кишварҳои мусулмон вокунишҳоеро ба миён овард ва сабаби ҳамлаи лафзии президенти Туркия ба Макрон шуд.
23-юми октябр карикатураҳои чанд сол пеш нашркардаи маҷаллаи “Шарли Ҳебдо” дар бинои ҳукумати Фаронса намоиш дода шуданд ва ин ҳодиса мояи хашми ҷаҳони ислом шуд. Дар посух ба пуштибонии Макрон аз карикатураҳо, молу маҳсулоти сохти Фаронса дар бархе аз кишварҳои мусалмоннишини ҷаҳони Араб таҳрим шуданд. Макрон посух дод, ки “Фаронса ҳеҷ гоҳ аз ин карикатураҳо даст намекашад”.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон низ гуфт, ки куштори омӯзгори фаронсавӣ аз ҷониби як ҷавони 18-солаи мусулмон қобили қабул нест, вале ҳамзамон рафтори омӯзгор, ки ба шогирдон аксҳои тавҳиномези паёмбари исломро нишон дод, маҳкум мекунад.
Вай афзуд: “Як инсон ҳам ҳақ надорад, ки пешвои тақрибан ду миллиард инсонро, ки паёмбарашонро аз падару модар, ҳатто аз ҷонашон зиёдтар дӯст медоранд, дашному тавҳину таҳқир ва масхара кунад. Ин кор оқибати баде дорад, чӣ ҳоло ва чӣ дар ояндаи наздик, чӣ дар гузаштаҳо”.
Бо гузашти ду ҳафта аз қатли омӯзгори фаронсавӣ баҳси ин мавзӯъ кам нашудааст. Дар пайи ҳамлаҳои лафзӣ, муносибати Туркия ва Фаронса, ду ҳампаймони созмони низомии НАТО ба сардӣ гароид.