Дар талотуми издиҳоме дар Афғонистон 15 нафар кушта шуд
Ду мақоми дигари вилоятӣ гуфтанд, ҳодиса замоне рух дод, ки дар як вақт барои гирифтани виза беш аз 3 ҳазор нафар ҷамъ омада буд. Бо сабаби пандемия соли ҷорӣ Покистон додани виза ба шаҳрвандони Афғонистонро маҳдуд кард. Мақомот дар сафорати Покистон барои шарҳи ин мавзӯъ дастрас набуданд. Аксар шаҳрвандони Афғонистон ба хотири муолиҷаву табобат ба Покистон сафар мекунанд. Онҳое, ки барои гирифтани виза ба консулгариҳои Покистон дар Кобул, Ҷалолобод ё Мазори Шариф муроҷиат мекунанд, аз қонуншиканиҳову беназмиҳо дар ташкили кор шикоят мекунанд.