Дар Беларус ба эътирози нави зидди Лукашенко омода мешаванд
Дар Беларус бегоҳи 18-уми октябр қарор аст, эътирози наве алайҳи Александр Лукашенко, президенти ин кишвар баргузор шавад.
Эътирозҳо алайҳи Лукашенко пас аз интихоботи президентии 9-уми августи соли равон то кунун давом дорад.
Лукашенко, ки аз соли 1994 раҳбарии Беларусро бар душ дорад, ғолиби интихоботи рӯзи 9-уми август эълон шуд. Мухолифонаш интихоботро ношаффоф медонанд ва мегӯянд, Светлана Тихановская, рақиби Лукашенко барандаи интихобот аст.
Иттиҳоди Аврупо ва ИМА Лукашенкоро президенти қонунии Беларус эътироф накардаанд.
Эътирози имрӯз давоми эътирозест, ки беш аз ду моҳ боз ҳар рӯзи якшанбе дар Минск баргузор мешавад.
Рӯзи 17-уми октябр низ даҳҳо зан дар Минск эътирз карданд.
Маркази дифоъ аз ҳуқуқ бо номи "Весна" хабар дод, ки беш аз 30 нафар рӯзи гузашта боздошт шудааст.