Суҳбати Раҳмон бо Путин, Мирзиёев ва Тоқаев оид ба вазъи "ташвишовар"-и Қирғизистон
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми октябр бо президентҳои Русия, Узбекистон ва Қазоқистон суҳбатҳои ҷудогонаи телефонӣ доштааст.
Бар асоси хабарҳои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ҳодисаҳои Қирғизистон яке аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, Шавкат Мирзиёев ва Қосимҷомарт Тоқаев будааст.
Манбаъ мегӯяд, ки ҷонибҳо дар ин тамосҳои телефонӣ таъкид кардаанд, ки буҳрони пешомада дар Қирғизистон ҳарчӣ зудтар аз роҳи гуфтугӯ ҳал шавад.
Қирғизистон пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе, шоҳиди эътирозҳои густурда будааст. Аз ҷумла, дар майдони марказии "Ала-Тоо"-и шаҳри Бишкек 5 октябр зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4 октябр тазоҳуроти бидуни муҳлат оғоз шуд.
Эътирозгарон бекор кардани натиҷаҳо ва баргузории интихоботи навро талаб карданд. Дертар, шаби 5 ба 6 октябр тазоҳургарон бинои порлумон, дафтари президент ва бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро ғасб карданд.
Эътирозгарон ҳамчунин сиёсатмадорони зиндонӣ, президенти пешин Алмосбек Отамбоев, сарвазири пешин Сафар Исҳоқов ва собиқ вакилони порлумон Содир Жапарову Равшан Ҷеенбековро озод карданд.