Театри Конибодом дар аҳди COVID-19 "Ютубӣ" шуд
Дар Тоҷикистон мавсими нави театрӣ оғоз шуд. Маъмурияти театрҳо бинобар хавфи сирояти коронавирус тамошобинонро бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ба тамошои намоишномаҳо даъват карданд. Аммо театри ба номи Туҳфа Фозилова дар шаҳри Конибодом роҳи дигарро пеш гирифтааст.