Чаппа шудани кран дар маҳалли сохтмони биноҳои нав дар Душанбе. ВИДЕО
Шоми 8-уми август дар наздикии бозори "Меҳргон"-и шаҳри Душанбе як кран чаппа шудааст. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ин кран дар маҳалли сохтмони биноҳои нав кор мекард ва 48 метр дарозӣ дошт. Бино ба хабари саҳифаи "Parviz TV" дар Фейсбук, дар ин ҳодиса гуё се нафар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтаанд, вале мақомоти расмӣ, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин замина хабар надодаанд.
Дар шабу рӯзе, ки дар Душанбе сохтмони биноҳо босуръат ҷараён дорад, тақрибан дар ҳар кӯчаву хиёбон 2-3 борбардор қомат рост кардааст. Кори ин азимҷуссаҳо дар фосилаи баъзан хеле наздик ба минтақаҳои аҳолинишин ва роҳҳои мошингузар мояи нигаронии бархе аз сокинон шудааст.
Хадамоти бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ моҳи июни соли гузашта хабар дод, ки дар сохтмонҳои пойтахт беш аз 100 кран фаъол аст. Мақомот мегӯянд, дар кори кранҳо чанд хатои техникиро ошкор карданд, вале гардиши онҳоро дар болои роҳҳову наздикии хонаи мардум хатарзо намешуморанд.
Дар солҳои гузашта ҳодисаҳои чаппашавии кранҳои сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе сабт шудааст, ки иллати он ҳам шамоли сахт ва ҳолати нодурусти фаннӣ номбар шуда буд.
Дар як ҳодиса дар маҳаллаи наздик ба бозори “Корвон” як крани борбардор аз баландии беш аз 30 метр чаппа шуда, ба чанд хона зарар расонда буд.
Ин видео аз бойгонии Радио Озодист: