Пирӯзии пешсафон дар даври шашуми лигаи футболи занонаи Тоҷикистон
Дар даври шашуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки 22-юми июл доир гардид, пешсафон ва муддаиёни аслии медалҳо – "Хатлон"-и Бохтар, «Зебо»-и Дӯстӣ ва «Зебонисо»-и Душанбе – бо натиҷаҳои бузург пирӯзӣ ба даст оварданд.
“Хатлон” дар майдони худ “Чашма”-и Шаҳритусро бо ҳисоби 12:0 шикаст дод. “Зебо” дар меҳмонӣ “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби 8:1 мағлуб кард “Зебонисо” ба дарвозаи дастаи меҳмон - “Барқ”-и Норак - 13 голи беҷавоб зад.
Дар ду бозии дигари даври шашум “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бар дастаи мизбон - “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ - бо ҳисоби 13:0 ва “Бешкент”-и Носири Хусрав дар майдони худ бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 6:0 ғолиб омаданд.
Баъди натиҷагирии шаш даври мусобиқа дастаҳои «Хатлон» ва «Зебо» ки 16-имтиёзӣ гирифтаанд, дар садри ҷадвал қарор доранд. “Зебонисо” бо 15 имтиёз мақоми севумро касб намудааст.
Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқа рӯзи якшанбе, 26-уми июл, миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон», «Равшан» – «Панҷшер», «Барқ» – «Бешкент», «Зебо» – «Зебонисо» ва «Чашма» – «Ҳосилот» доир мегарданд.
Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона
Дври 6-ум
«Хатлон» – «Чашма» – 12:0
Голҳо: Сайрамҷон Холназарова, 17 (1:0). Лайло Ҳалимова, 20 (2:0). Лайло Ҳалимова, 25 (3:0). Шукрона Азимзода, 30 (4:0). Қурбонгул Қурбонова, 37 (5:0). Лайло Ҳалимова, 53 (6:0). Лайло Ҳалимова, 55 (7:0). Нишона Саидова, 56 (8:0). Шукрона Азимзода, 61 (9:0). Лайло Ҳалимова, 70 (10:0). Сайрамҷон Холназарова, 73 (11:0). Лайло Ҳалимова, 76 (12:0).
«Ҳосилот» – «Зебо» – 1:8
Голҳо: Манзура Ҳазратқулова, 8 (0:1). Манзура Ҳазратқулова, 14 (0:2). Мавҷуда Сафарова, 30 (0:3). Сахина Саидова, 38 (0:4). Меҳрангез Шарипова, 48 (0:5). Меҳрангез Шарипова, 50 (0:6). Мавҷуда Сафарова, 57 (0:7). Шаҳзода Хидирова, 67 (1:7). Зуҳро Бобомуродова, 73 (1:8).
«Зебонисо» – «Барқ» – 13:0
Голҳо: Мадина Фозилова, 20 – аз пеналтӣ (1:0). Некӯбахт Худододова, 26 (2:0). Шукронаи Ҷумъахон, 30 (3:0). Мадина Фозилова, 31 (4:0). Шукронаи Ҷумъахон, 47 (5:0). Мадина Фозилова, 56 (6:0). Шукронаи Ҷумъахон, 59 (7:0). Амина Собирова, 61 (8:0). Мадина Фозилова, 64 (9:0). Шукронаи Ҷумъахон, 73 (10:0). Мадина Фозилова, 75 (11:0). Шукронаи Ҷумъахон, 78 (12:0). Мадина Фозилова, 88 (13:0).
«Бешкент» – «Равшан» – 6:0
Голҳо: Рафина Нормуродова, 5 (1:0). Рафина Нормуродова, 16 (2:0). Рафина Нормуродова, 26 (3:0). Рафина Нормуродова, 34 (4:0). Рафина Нормуродова, 54 (5:0). Рафина Нормуродова, 80 (6:0).
«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ» – 0:13
Голҳо: Зулайхо Сафарова, 5 (0:1). Ҷонона Ҳалимова, 12 (0:2). Ҷонона Ҳалимова, 15 (0:3). Наргиза Бобоева, 16 (0:4). Наргиза Бобоева, 26 (0:5). Наргиза Бобоева, 31 (0:6). Ҷонона Ҳалимова, 33 (0:7). Зулайхо Сафарова, 49 (0:8). Зулайхо Сафарова, 56 (0:9). Зулайхо Сафарова, 59 (0:10). Ҷонона Ҳалимова, 61 (0:11). Зулайхо Сафарова, 66 (0:12). Наргиза Бобоева, 89 (0:13).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Хатлон» (Бохтар)
6
5
1
0
42-4
16
2
«Зебо» (Дӯстӣ)
6
5
1
0
35-3
16
3
«Зебонисо» (Душанбе)
6
5
0
1
52-2
15
4
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода
6
3
1
2
30-5
10
5
«Бешкент» (Носири Хусрав)
6
3
1
2
17-6
10
6
«Барқ» (Норак)
6
3
0
3
5-27
9
7
«Чашма» (Шаҳритус)
6
2
0
4
8-37
6
8
«Ҳосилот» (Фархор)
6
1
1
4
3-19
4
9
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
6
1
5
1
4-58
1
10
«Равшан» (Кӯлоб)
6
0
0
6
0-35
0
Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 22 тӯб, Мадина Фозилова («Зебонисо») – 19 тӯб, Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 16 тӯб, Рафина Нормуродова («Бешкент») – 13 тӯб.
Даври 7-ум
26 июл (якшанбе)
«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»
«Равшан» – «Панҷшер»
«Барқ» – «Бешкент»
«Зебо» – «Зебонисо»
«Чашма» – «Ҳосилот»