"Гоҳ аз пули нафақа об мехарему гоҳ аз пули муҳоҷирон". Тобистони ёздаҳ деҳаи Эсанбой. ВИДЕО
Сокинони 11 деҳаи ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ аз муҳимтарин васила барои зиндагӣ -- об маҳруманд. Онҳо мегӯянд, мушкили беобӣ маҷбурашон кардааст, қисме аз даромади моҳонаи худро барои харидани он харҷ кунанд.