Помпео дар бораи эмбаргои силоҳҳои Эрон изҳорот медиҳад
Рӯзи 30 июн қарор аст дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ котиби давлатии ИМА Майк Помпео ба ҷонибдории тамдиди эмбаргои СММ оид ба силоҳи Эрон сӯҳбат кунад. Ин санад моҳи октябр ба охир мерасад. Суханронии Помпео дар ҷаласаи ҳузурӣ садо хоҳад дод. ИМА аз Шӯрои амнияти СММ тақозо дорад, ки эмбарго ҳатман тамдид шавад, вале Русияву Чини дорои ҳақи вето аллакай гуфтаанд, ки бо ин талошҳо мухолифат мекунанд. Помпео гуфтааст, ки умед дорад “тамоми ҷаҳон” зарурати тамдиди эмбаргоро дарк мекунад. Баъди анҷоми мӯҳлати эмбарго дар моҳи октябр бар асоси мувофиқаҳои ҳастаии Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ дар соли 2015, қарор аст тадриҷан сабук шавад. ИМА маи соли 2018 ин созишро тарк кард ва болои Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ намуд. Коршиносон мегӯянд, агар таҳримҳо бекор шаванд, Русияву Чин бо Эрон созишномаҳои нави силоҳ имзо мекунанд.